JAMBI Info (tjk)
Маҷмӯи маълумотҳои Нишондиҳандаҳои асосии ҷамоат (JAMBI) барои мусоидат ба таҳлил ва банақшагирии барномаҳои рушди маҳаллӣ тавассути таъмини раванди банақшагирӣ бо маҷмӯи нишондиҳандаҳои калидии ҷамоат, аз қабили нишондиҳандаҳои демографӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ва алоқаманд ба захираҳои табий таҳия гардидаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур барои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани раванди асосноки банақшагирӣ ва мониторинги пешрафт дар сатҳи маҳал дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ва иҷрои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аҳамияти хоса доранд.
Воҳиди мушоҳида дар маҷмӯи маълумотҳо ин ҷамоат мебошад. Дар махзан, маълумот оиди шумораи зиёди нишондиҳандаҳо барои ҳамаи 427 чамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 735 040 нафар дар воҳидҳои ҳудудии махзани мазкур истиқомат мекунанд; айни замон барои дар махзан илова намудани маълумот оид ба шаҳрҳо кӯшиш ба амал оварда шуда истодааст) ҷамъоварӣ гардидааст. Дар махзан қариб 100 нишондиҳанда истифода шудааст, ки онҳо ба панҷ бахши асосӣ гурӯҳбандӣ гардидаанд: демография, иқтисодиёт, замин ва кишоварзӣ, иҷтимоиёт, инчунин инфрасохтор ва идоракунӣ. Маълумот дар махзан аз «шиносномаҳо»-и ҷамоатҳо, дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагӣ, қарорҳои комиссияҳои ҷамоатӣ оид ба кӯмаки иҷтимоӣ ва дигар сарчашмаҳо ҷамъоварӣ гардидааст. Манбаи маълумот дар дафтари рамзҳо барои ҳар як нишондиҳанда, дар қавс, пас аз шарҳи нишондиҳанда оварда шудааст. Маълумотҳои пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли 2015 эътибор доранд, агар тартиби дигаре зикр нагардида бошад. Дафтари рамзҳоро аз ин ҷо гирифтан мумкин аст: tj ru
Бахши харита ва омори сомонаи мазкур харитаҳои сатҳи ҷамоати кишвар ва имконияти истифодаи харитаи интерактивии маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои ҳамаи панҷ бахшро дар бар мегирад. Тавассути ангуштзанӣ ба дилхоҳ ҷамоат, маълумот дар бораи маҷмўи нишондиҳандаҳои интихобшуда барои он ҷамоат муҳайё мегардад. Бахши мазкур инчунин усулҳои дигари намоиши харитаи омори асосии дар махзан ҷамъоваришударо дар бар мегирад. Тамоми чораҳо ҷиҳати таъмин ва тасдиқи дурустии маълумоти пешкашшуда андешида шудаанд; бо вуҷуди ин, масъулияти ниҳоӣ барои сифат ва мутобиқати он бар зимаи мақомот / ташкилотҳои интишоркунандаи маълумот гузошта мешавад.
Бахши таҳлилии сомона барои ҷойгир намудани гузоришҳои таҳлилӣ ва ҳисоботҳои бо истифода аз маълумотҳои JAMBI таҳиягардида ва дигар маълумотҳои алоқаманд истифода бурда мешавад.
Махзани мазкур аз ҷониби БРСММ бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҷамъоварии маълумот аз ҷониби Маркази рушди инноватсионӣ (IDC) гузаронида шудааст. Таҷдиди махзани маълумот барои соли 2017 алҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.