A young hero to animals and people. An FAO-EU project ensures that quality veterinary services in Tajikistan safeguard livelihoods
ҲИСОБОТИ СОЛИ 2020 |
Соли 2020 соли махсус буд. Аввалан ин 75-умин солгарди СММ буд. Ин ба мо имконият дод, ки дар доираи як пурсиши калон ба нуқтаву назари зиёда аз 17000 нафар мардуми Тоҷикистонро гӯш диҳем ва аз онҳо фаҳмем, ки чӣ гуна ояндаро хоҳонанд ва аз СММ чиро интизоранд. Дуввум, соли 2020 инчунин аз он ҷиҳат муҳим буд, ки Даҳсолаи амал барои ҳадафҳои рушди устувор ифтитоҳ гардид. Мо барои расидан ба ҳама ҳадафҳое, ки Тоҷикистон дар самти рафъи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, мубориза бо тағирёбии иқлим ва ғайра муайян кардааст, ҳамагӣ 10 сол дорем. Саввум, дар соли 2020 мо инчунин шоҳиди оғози комили ислоҳоти СММ дар Тоҷикистон гаштем, ки дар натиҷа Дафтари тақвиятдодашудаи Ҳамоҳангсози доимӣ таъсис дода шуда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештар дар кори оилаи СММ таъмин карда шуд. Баъдан КОВИД ба мо зарба зад. Гарчанде ки ҳамагирӣ ҳаёт ва кори моро ба таври назаррас халалдор кард, аз баъзе ҷиҳатҳо он ислоҳоти СММ-ро дар маҳал суръат бахшид, зеро дар як шабонарӯз моба ғайр аз дарёфти роҳҳои босуръат ва якҷояи пешбурди фаъолият ва ноилшавӣ ба натиҷаҳо дигар чорае надоштем. Дастоварди калидӣ дар ин самт нақшаи муштараки вокуниш ба КОВИД буд. Нақшаи ҳамгирошудаи вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ тамоми сохторҳоро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам овард, то ин ки роҳҳои ҳалли таъсироти КОВИД ба ҳаёт ва сарчашмаҳои рӯзгузаронии мардуми тоҷикро пайдо кунанд. Дар доираи нақшаи мазкур бо мақсади тақвияти кӯшишҳои шарикони миллӣ ва байналмилалӣ қариб 40 миллион доллари ИМА сафарбар карда шуда, ба ин мақсадҳо аз нав равона карда шуданд. Аммо кори мо танҳо бо КОВИД маҳдуд набуд. Соли гузашта мо аз ҳарвақта дида бештар барномаҳои муштараки СММ-ро дар мавзӯъҳои гуногун, ба монанди ҷавонон, маблағгузории ҲРУ, муҳоҷират, хушунати гендерӣ ва ғайра оғоз кардем. Мо инчунин таваҷҷӯҳи худро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ равона кардем ва Стратегияи муштараки фаъолияти кориро таҳия кардем, ки ба мо дар муайян кардани имкониятҳо барои сарфаи хароҷот дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари ИМА кӯмак кард. Ҳоло баъзе мисолҳоро аз натиҷаҳои мушаххаси рушд меорам. Соли 2020 оилаи СММ дар Тоҷикистон корҳои зеринро амалӣ намуд: o ба зиёда аз 3,5 миллион нафар одамон хизматрасониҳои асосии тиббӣ пешниҳод карда шуд; o ба зиёда аз 2,5 миллион кӯдакон ва хонаводаҳои осебпазир кӯмаки ғизоӣ пешниҳод карда шуд o ба зиёда аз 2 миллион кӯдак дастгирӣ барои таҳсилоти фосилавӣ пешниҳод карда шуд; o дар даврае, ки тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида буданд, ба зиёда аз 20 000 нафар занон хизматрасониҳо оид ба солимии репродуктивӣ пешниҳод карда шуд; o дастгирии махсус ба шахсоне, ки гирифтори зӯроварии гендерӣ шуданд, пешниҳод карда шуд; o ба қариб 10 000 гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандӣ дастгирӣ тавассути кӯмаки пулӣ, бастаҳои озуқаворӣ ва дастгирӣ дар таҳияии ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шуд; o ба зиёда аз 3 000 муҳоҷирони дармондаи тоҷик дастгирӣ тавассути ташкили ҳамлу нақл ва бастаҳои озуқаворӣ пешниҳод карда шуд; o омӯзиши касбӣ ба рақамисозӣ, грантҳо барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ (стартапҳо) ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои қариб 4000 нафар одамон (42% занон, 37% ҷавонон) ва зиёда аз 900 субъектони соҳибкории хурд, ки аз КОВИД зарар диданд, пешниҳод карда шуд; Мо боварӣ дорем, ки соли 2021 ба интиҳои ҳамагирии мазкур оғоз хоҳад бахшид ва ман аз номи дастаи кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдориро ба: o Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ва инчунин o шарикони содиқи мо дар ҷомеаи байналхалқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳамкории онҳо ва таҷдиди пайравии мо баҳри дастовардҳои аз ин ҳам бештар дар оянда баён мекунам. Хонум Сезин Синанолу Ҳамоҳангсози доимӣ Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон 15 марти соли 2021 |
Соли 2020 соли махсус буд.
Аввалан ин 75-умин солгарди СММ буд. Ин ба мо имконият дод, ки дар доираи як пурсиши калон ба нуқтаву назари зиёда аз 17000 нафар мардуми Тоҷикистонро гӯш диҳем ва аз онҳо фаҳмем, ки чӣ гуна ояндаро хоҳонанд ва аз СММ чиро интизоранд. Дуввум, соли 2020 инчунин аз он ҷиҳат муҳим буд, ки Даҳсолаи амал барои ҳадафҳои рушди устувор ифтитоҳ гардид. Мо барои расидан ба ҳама ҳадафҳое, ки Тоҷикистон дар самти рафъи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, мубориза бо тағирёбии иқлим ва ғайра муайян кардааст, ҳамагӣ 10 сол дорем. Саввум, дар соли 2020 мо инчунин шоҳиди оғози комили ислоҳоти СММ дар Тоҷикистон гаштем, ки дар натиҷа Дафтари тақвиятдодашудаи Ҳамоҳангсози доимӣ таъсис дода шуда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештар дар кори оилаи СММ таъмин карда шуд. Баъдан КОВИД ба мо зарба зад. Гарчанде ки ҳамагирӣ ҳаёт ва кори моро ба таври назаррас халалдор кард, аз баъзе ҷиҳатҳо он ислоҳоти СММ-ро дар маҳал суръат бахшид, зеро дар як шабонарӯз моба ғайр аз дарёфти роҳҳои босуръат ва якҷояи пешбурди фаъолият ва ноилшавӣ ба натиҷаҳо дигар чорае надоштем. Дастоварди калидӣ дар ин самт нақшаи муштараки вокуниш ба КОВИД буд. Нақшаи ҳамгирошудаи вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ тамоми сохторҳоро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам овард, то ин ки роҳҳои ҳалли таъсироти КОВИД ба ҳаёт ва сарчашмаҳои рӯзгузаронии мардуми тоҷикро пайдо кунанд. Дар доираи нақшаи мазкур бо мақсади тақвияти кӯшишҳои шарикони миллӣ ва байналмилалӣ қариб 40 миллион доллари ИМА сафарбар карда шуда, ба ин мақсадҳо аз нав равона карда шуданд. Аммо кори мо танҳо бо КОВИД маҳдуд набуд. Соли гузашта мо аз ҳарвақта дида бештар барномаҳои муштараки СММ-ро дар мавзӯъҳои гуногун, ба монанди ҷавонон, маблағгузории ҲРУ, муҳоҷират, хушунати гендерӣ ва ғайра оғоз кардем. Мо инчунин таваҷҷӯҳи худро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ равона кардем ва Стратегияи муштараки фаъолияти кориро таҳия кардем, ки ба мо дар муайян кардани имкониятҳо барои сарфаи хароҷот дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари ИМА кӯмак кард. Ҳоло баъзе мисолҳоро аз натиҷаҳои мушаххаси рушд меорам. Соли 2020 оилаи СММ дар Тоҷикистон корҳои зеринро амалӣ намуд: o ба зиёда аз 3,5 миллион нафар одамон хизматрасониҳои асосии тиббӣ пешниҳод карда шуд; o ба зиёда аз 2,5 миллион кӯдакон ва хонаводаҳои осебпазир кӯмаки ғизоӣ пешниҳод карда шуд o ба зиёда аз 2 миллион кӯдак дастгирӣ барои таҳсилоти фосилавӣ пешниҳод карда шуд; o дар даврае, ки тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида буданд, ба зиёда аз 20 000 нафар занон хизматрасониҳо оид ба солимии репродуктивӣ пешниҳод карда шуд; o дастгирии махсус ба шахсоне, ки гирифтори зӯроварии гендерӣ шуданд, пешниҳод карда шуд; o ба қариб 10 000 гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандӣ дастгирӣ тавассути кӯмаки пулӣ, бастаҳои озуқаворӣ ва дастгирӣ дар таҳияии ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шуд; o ба зиёда аз 3 000 муҳоҷирони дармондаи тоҷик дастгирӣ тавассути ташкили ҳамлу нақл ва бастаҳои озуқаворӣ пешниҳод карда шуд; o омӯзиши касбӣ ба рақамисозӣ, грантҳо барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ (стартапҳо) ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои қариб 4000 нафар одамон (42% занон, 37% ҷавонон) ва зиёда аз 900 субъектони соҳибкории хурд, ки аз КОВИД зарар диданд, пешниҳод карда шуд; Мо боварӣ дорем, ки соли 2021 ба интиҳои ҳамагирии мазкур оғоз хоҳад бахшид ва ман аз номи дастаи кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдориро ба: o Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ва инчунин o шарикони содиқи мо дар ҷомеаи байналхалқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳамкории онҳо ва таҷдиди пайравии мо баҳри дастовардҳои аз ин ҳам бештар дар оянда баён мекунам. Хонум Сезин Синанолу Ҳамоҳангсози доимӣ Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон 15 марти соли 2021 |
ШАРИКӢ БАҲРИ РУШД
Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба шарикони миллии рушд ва инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ барои шарикии стратегӣ, ки ба натиҷаҳои дар ин ҳисоботи солонаи 2020 пешниҳодгардида оварда расонид, миннатдории худро баён мекунад.
Ҳамтои асосӣ дар ҳамоҳангсозии шарикии ҳукумат бо СММ дар татбиқи Барномаи қолабии СММ ҷиҳати расонидани кӯмак баҳри рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) Вазорати рушди иқтисод ва савдо (ВРИС) мебошад. ВРИС инчунин ҳамраиси Кумитаи миллии роҳбарикунандаи муштарак ва Котиботи ЮНДАФ мебошад. Вазоратҳои соҳавӣ дар кори ҳашт Гурӯҳҳо оид ба натиҷаҳои ЮНДАФ ҳамкории зич доранд. СММ бо як қатор ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва инчунин бо бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттифоқҳои кормандон ҳамкории зич дорад. Созмони Милали Муттаҳид инчунин бо ҷомеаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои таҳияи усулҳои муштараки стратегӣ дар самти пешрафти ҳадафҳои рушди устувор робитаи наздик дорад. Ҷомеаи байналмилалӣ амалисозии ЮНДАФ ва Барномаи фарогири вокуниш ба паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии КОВИД-19-ро дастгирӣ намуд. Тавассути Гурӯҳ оид ба вокуниш ба КОВИД ва Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд СММ дар муттаҳидсозии шарикони миллӣ ва байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии шарикӣ баҳри рушд нақши фаъолро мебозад. Алалхусус СММ ба он шариконе, ки кори моро тавассути саҳмгузориҳо ба фонди асосӣ, Фонди боварии бисёршарика, фонди муттаҳидшуда ва барномаҳои муштарак дастгирӣ мекунанд, миннатдорӣ баён мекунад. Ин маблағҳо дар соли 2020 муҳим буданд, зеро онҳо имкон доданд, ки вокуниши фаврӣ ва мутобиқ ба ниёзҳо дар шароити бӯҳрони КОВИД карда шавад. Маблағҳои асосӣ 13 фоизи маблағҳои татбиқшударо дар соли 2020 ва панҷ фоизи барномаҳои муштаракро ташкил доданд (ки нисфи он аз ҳисоби Фонди боварии бисёршарика буд). Дар маҷмӯъ ин маблағҳои баландсифат ҳанӯз ҳам камтар аз 20 фоизи кору фаъолияти анҷомдодаи СММ-ро дар соли 2020 ташкил доданд. Дар шароити ислоҳоти СММ, ташкилот ба шарикони байналмилалие, ки принсипҳои калидии Паймони маблағгузориро пешбарӣ карданд ва саҳми худро ба фондҳои асосӣ, барномаҳои муштарак ва ӯҳдадориҳои бисёрсола зиёд карданд, миннатдорӣ мекунад. |
|||||||||||||||
|
СММ ба 3,5 миллион нафар одамон хизматрасониҳои асосии тиббиро (ваксинаҳо, бастаҳои гигиенӣ ва хизматрасониҳо барои солимии модар) таъмин намуда, барои 35 беморхона ва 100 марказҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории асосиро харидорӣ намуд, то ин ки онҳо беш аз 18 000 шахсони дар ҳолати вазнини КОВИД-19 қарор дошта табобатгиранд. Бо мақсади сабук гардонидани вазъият дар беморхонаҳо, оҷонсиҳои СММ ба соҳаи тандурустӣ барои таъсис ва васеъ намудани низоми хизматрасонии фосилавӣ дар 90 марказҳои саломатии репродуктивӣ кӯмак намуданд, то беморон аз хизматрасонии фосилавӣ бархурдор гарданд. Тавассути тарғиботи бомуваффақияти СММ ҳукумат сохтори нави ахборотдиҳӣ оид ба хатарҳо ва ҳамкориро таъсис дод. Сохтори нав аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирифта, шаффофият ва ҳисоботдиҳиро баланд мебардорад. Барои маълумоти бештар дар бораи чораҳои вокуниш ба КОВИД ба бахши махсуси ҳисобот дар бораи вокуниш ба КОВИД назар кунед. |
||
Барои таҳия ва маблағгузории пурраи нақшаи миллии вокуниш ба КОВИД-19 дар соҳаи таҳсилот, СММ таҷрибаи техникӣ ва ҳамоҳангсозиро пешниҳод намуд. Ин маъракаи умумиҷумҳуриявиро зери унвони “бозгашт ба мактаб” дар бар гирифт, ки дар доираи он маводи омӯзишӣ дар маҷмӯъ ба 6317 боғчаҳо, мактабҳо ва марказҳои рушди таҳсилот тақсим карда шуд ва зиёда аз 87 000 нафар омӯзгорон ва 32 000 аъзоёни ҷомеаи мактабҳо доир ба чораҳои бехатарӣ вобаста ба КОВИД-19 омӯзонида шуданд. СММ беш аз 2,3 миллион хонандагонро тавассути таҳия ва пахши дарсҳои телевизионӣ (аз ҷумла забони имову ишора барои фарогирии хонандагони маъюбиятдошта) ва омӯзиши рақамӣ тавассути як замимаи мобилӣ, ки дар деҳот озмоиш шуда, баъдан дар сатҳи миллӣ ба роҳ монда шуд, дастгирӣ намуд. |
||
СММ барои таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ таблиғот карда, барои он дастгирии техникӣ ва молиявӣ пешниҳод намуд. Зиёда аз 42000 хонаводаҳои осебпазир пардохти иҷтимоии яквақтаро дар ҳаҷми 500 сомонӣ гирифтанд. Бо мақсади фаро гирифтани ноҳияҳои иловагӣ ва хонаводаҳои осебпазир доираи низоми ҳифзи иҷтимоӣ васеъ карда шуд ва бо мақсади тавсеаи миллӣ дар буҷаи давлати соли 2021 ба инобат гирифта шудааст. Ин аз дигаргунии дарозмуддат дар ҳукумат вобаста ба тавсеаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи онҳое, ки бештар дар канор мондаанд, шаҳодат медиҳад. СММ инчунин қариб 1000 корхонаҳои хурду миёна ва ширкатҳои калонро барои татбиқи сиёсати ҳифзи ҷойҳои корӣ ва коргарони осебпазир дастгирӣ намуд. |
||
СММ дахолати пешсафи муштаракро оид ба пешгирии зӯроварии гендерӣ дар ҷавоб ба КОВИД амалӣ намуд. Зиёда аз 80 муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ доир ба пешниҳод кардани дастгирии равонию иҷтимоӣ (ДРҶ) аз омӯзиши махсус гузаштанд. Ҳукумат даҳ утоқи нави дастгирии ҷабрдидагонро мекушояд, ки қодиранд 30 занро бо паноҳгоҳи кӯтоҳмуддат таъмин кунанд. Зиёда аз 1000 нафар занони аз зӯроварии гендери ҷабрдида тавассути телефонҳои боварии аз ҷониби СММ дастгиришаванда кумаки равонию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ гирифтанд ва СММ шарикии нави миллиро дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва сафарбаркунии ҷомеа дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва шарикони нав аз ВАО ба роҳ монд, ки дар доираи он зиёда аз 2 миллион нафар одамон бевосита бо паёмҳои асосӣ фаро гирифта шуданд. |
||
НОИЛ ШУДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР
|
||
СММ низоми озуқавориро тақвият дод ва сатҳи камғизоиро паст намуд. Дар Тоҷикистон дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва коҳишдиҳии камғизоӣ пешравӣ дида мешавад, аммо дар баъзе минтақаҳои кишвар то ҳол сатҳи пайваста баланди камғизоӣ дар байни кӯдакони то 5-сола мушоҳида мешавад. Дар давоми соли 2020 СММ барои хонандагони осебпазири синфҳои 1-4 дар 2000 мактабҳо 422,222 хӯроки мактабӣ ва хӯроки хонагӣ тақсим кард. Хӯроки хонагӣ 120,000 нафар аъзоёни инфиродии хонаводаҳоро дар 52 ноҳия бо ғизо таъмин намуд. Хизматрасониҳои мазкур дар ҳамоҳангӣ бо шӯъбаҳои маориф ва ассотсиатсияҳои волидайну омӯзгорон бо чорабиниҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ оид ба масъалаҳои ғизо ва пешниҳоди таҷрибаи техникии мунтазам ба вазорати соҳавӣ ва шахсони мансабдори миллӣ вобаста ба таъсиси барномаи миллии хӯроки мактабӣ то соли 2027 мукаммал карда шуданд. Ҳамагирии КОВИД-19 ба ҳосили зироатҳо ва бозори чорводорӣ таъсири манфӣ расонд, ки дар натиҷа нархи чаканаи аксар маҳсулоти хӯроквории асосӣ боло рафт ва дар натиҷа сатҳи ғизогирии хонаводаҳо дар Тоҷикистон дар соли 2020 коҳиш ёфт. Дар посух ба ин масъала СММ ба ҳукумат оид ба мониторинги нархҳои озуқаворию занҷираи таъминот ва саривақт пешниҳод кардани маводи озуқавори асосӣ аз захираҳои стратегӣ барои ба эътидол овардани нархҳо таҷрибаи техникӣ пешниҳод намуд. СММ инчунин ба хонаводаҳои осебпазир пули нақдро бар ивази кор пешниҳод кард, стратегияҳои мубориза бо малахро ва ҳашароти зарароварро ба роҳ монд, ба кишоварзон 11 килограми тухмӣ тақсим кард ва дастгириро дар таъмини ҷомеаҳои осебпазир бо 18 тонна ҳосили сабзавот пешниҳод намуд. |
||
СММ тавассути маъракаи СММ75 зиёда аз 17,000 нафар сокинони Тоҷикистонро ба пурсишҳо ва муҳокимаҳои гурӯҳии мақсаднок оид ба рушди устувор, сулҳофарӣ ва ҳуқуқи инсон ҷалб кард. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки барои ҳама одамон 3 масъалаҳои ташвишовари аввалиндараҷа ин терроризм, тағирёбии иқлим ва саломатӣ мебошанд, дар ҳоле ки 3 роҳҳои ҳалли аввалиндараҷа ин афзоиши имкониятҳои шуғл, риояи ҳуқуқи инсон ва дастрасӣ ба низоми тандурустӣ мебошанд. Ғайр аз он, занон нисбат ба мардон афзоиши баробарии гендериро ҳамчун ҳалли мушкилӣ ду баробар бештар пешниҳод карданд ва шахсони маъюбиятдошта набудани ҳифзи саломатиро ҳамчун масъалаи ташвишовари назаррас се маротиба бештар муайян карданд. СММ тавассути ҳамоишҳои ҷамъиятӣ маълумотнокии 250 нафар ҷавононро дар бораи аҳамияти иштироки шаҳрвандӣ баланд бардошт, иштироки 30 нафар ҷавононро дар барномаҳои мубодила бо ҳамсол таъмин намуд ва иншоҳои онлайнии 5 нафар ҷавононро нашру таблиғ кард. Навиштаҳо/иншоҳои мазкур инчунин ба шахсони масъули сохторҳои давлатӣ пешниҳод карда шуданд, то ин ки нуқтаву назари ҷавонон ва роҳҳои ҳалли масъалаҳо таҳти роҳбарии ҷавонон дар сиёсати миллӣ инъикос карда шаванд.
|
||
Дар соли 2020 Созмони Милали Муттаҳид барои равандҳои асосии банақшагирӣ ва ислоҳоти миллӣ, аз ҷумла Нақшаи миёнамӯҳлати рушд, нақшаҳои соҳавии даҳсола, Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншаванда ва ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маслиҳатҳои ҳамаҷонибаро доир ба таҳияи сиёсат бо мақсади таъмин намудани ҳамоҳангсозии нишондиҳандаҳо ва вазифаҳои ҲРУ дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ пешниҳод намуд.
|
Cутун 1 Идоракунии демократӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсон |
Cутун 2 Рушди иқтисодии устувор ва баробар |
|||||||||||||||
Натиҷаи 1
|
Натиҷаи 2
|
|||||||||||||||
ЮНДАФ
2016-2022 |
||||||||||||||||
Натиҷаи 3
|
||||||||||||||||
Натиҷаи 4
|
||||||||||||||||
Натиҷаи 6
|
Натиҷаи 5
|
|||||||||||||||
Cутун 4 Ғизо ва амнияти озуқаворӣ |
Cутун 3 Рушди иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ) |
|
СММ 75-умин солгарди таъсисёбии худро дар як замони ҳаяҷону номураттабӣ дар ҷаҳон қайд кард, ки бо буҳрони ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ бо таъсироти шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучанд гардид.
Дар давоми соли 2020 СММ дар Тоҷикистон майдони (платформаи) шарикии СММ75-ро таъсис дод, ки тавассути он бо шахсони алоҳида дар саросари кишвар муколамаҳо оид ба масъалаҳои ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва амал барои Рӯзномаи 2030 муҳокима карда шуданд.
Дар Тоҷикистон афкори зиёда аз 17, 000 нафар , алалхусус ҷавонон, ки овозашон аксар вақт дар канор мемонад, ҷамъ оварда шуд. Маъракаи шарикии СММ75 муколамаҳо, ҳамчунин фосилавӣ ва бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, занон, духтарон ва ҷавонон ва
ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо шахсони маъюбиятдошта ва гурӯҳҳои осебпазир кор мекунанд маъракаҳои иттилоотии рақамӣ, викторинаҳо ва ҷаласаҳои саволу ҷавоб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ; озмуни расмкашӣ ва видеоҳои беҳтарин таҳти
унвони “Паёмҳо аз оянда;
барномаҳои телевизионӣ ва маҷлиси умумро бо тамоми кормандони СММ дар кишвар дар бар гирифт.
Тавассути ширкат дар муколамаҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ намояндагони аҳолӣ ба ҳуқуқҳои инсон, имкониятҳои иқтисодӣ ва ҳифзи саломатӣ афзалият доданд. Гурӯҳбандии натиҷаҳои нишон дод, ки баъзе барои шахсони бештар дар канормонда чунин афзалиятҳо мавҷуданд: шахсони маъюбиятдошта назар ба ҳамаи дигар масъалаҳо ба масъалаи тандурустӣ афзалият доданд, дар ҳоле ки занони дорои сатҳи пасти таҳсилот ба баробарии гендерӣ афзалият доданд. To read the report see the link blow
Tajikistan UN75 conversation campaign report
Read the report
|
Дар давоми соли 2020 Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон эътироф кард, ки бидуни вокуниши фаврӣ, ки оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамагирии КОВИД-19-ро бартараф мекунанд, мушкили афзоиш ёфта, ҳаёт ва сарчашмаҳои таъмини зиндагии аҳолӣ зери хатар гузошта мешаванд. Дастаи кишварии СММ ба зудӣ ба таҳияи Нақшаи фарогирӣ вокуниш ба КОВИД-19 – Барномаи фарогирӣ вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ISEF шурӯъ намуд – дар як раванди банақшагирии муштарак ҳамаи агентиҳои Созмони Милалро барои муайян кардани афзалиятҳо ва амалҳо дар панҷ рукни калидӣ ба ҳам оварда, барои дастгирии вокуниши ҳукумат ба КОВИД-19 мувофиқ сохт.
Пас аз он Созмони Милали Муттаҳид майдони нави шарикӣ – Гурӯҳи вокуниш ба КОВИД-19-ро таъсис дод, ки ба он агентиҳои калидии СММ, ташкилотҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ, шарикони дуҷониба, шарикони бисёрҷониба ва ташкилотҳои молиявии байналмилалиро даъват карда, афзалиятҳо ва талаботҳоро барои маблағгузорӣ муаррифӣ намуд. Нақшаи умумӣ барои давраи июли соли 2020 то декабри соли 2021 ба маблағи 62 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда шуд. Созмони Милали Муттаҳид маблағро дар ҳаҷми қариб 20 миллион доллари ИМА барои вокуниш равона сохт ва дар ҳаҷми беш аз 15 миллион доллари ИМА маблағгузории иловагиро сафарбар кард. Гурӯҳи вокуниш ба КОВИД-19 як майдони муҳими шарикиро барои ҳамкории СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ баҳри фаъолияти якҷоя барои таъмини дастгирии ҳаматарафаи ҳукумат дар вокуниш ба КОВИД фароҳам овард. |
СММ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти дар назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, аз Бунёди иқлими сабз ҷудокунии 10 миллион доллари ИМА-ро таъмин сохт, ки дар доираи он дар тӯли чор сол роҳҳои навоваронаи пешгӯии обу ҳаво таҳқиқ карда мешаванд, ки ба кишоварзони хурд дар ноҳияҳои кӯҳӣ манфиат меорад ва инчунин ба гуногунсозии воситаҳои таъмини зиндагии онҳо ва дастрасии беҳтар ба бозорҳо мусоидат карда мешавад. Як шарикӣ барои табодули дониш байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Свисс Метеои Швейтсария (тавассути Каритаси Швейтсария) дар ҳоли ташаккулёбӣ аст, зеро ду кишвари кӯҳӣ вобаста ба пешгӯии обу ҳаво ва таъсирот ба бахши кишоварзӣ ба мушкилоти монанд дучор мешаванд.
|
СММ ба ҳукумат барои таъсиси Шӯрои миллии рушд, чаҳорчӯбаи ҳамоҳангсозии бисёрсоҳавӣ барои сиёсати миллӣ ва банақшагирӣ, ки миллигардонии Рӯзномаи 2030, ҳадафҳои ҲРУ ва иштироки пурмазмуни шариконро аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сохторҳои ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирӣ дар бар мегирад, кӯмаки техникӣ пешниҳод намуд. Дар оянда ин як майдони муҳим барои ҳамоҳангсозии маблағгузории миллӣ дар самти афзалиятҳои ҲРУ хоҳад буд.
|
СММ дар Тоҷикистон ҳамкории навро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди сармоягузориҳо ба инфрасохтори барои кӯдакон мусоид ва маҳаллигардонии
ҲРУ дар ду ноҳияи интихобшудае оғоз намуд, ки дар онҳо дар доираи кӯшишҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёгии сармоява инфрасохтор сармоягузориҳо ба инфрасохтор амалӣ карда шуда истодаанд.
|
Бонки исломии рушд тавассути Дафтари СММ оид ба ҳамкории ҷанубу ҷануб ва Дастаи кишварии СММ дар Тоҷикистон Ҳукуматро дар таъмин намудани таҷҳизоти тиббӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Туркия доир ба стандартҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ дастгирӣ карданд.
СММ ҷойгиркунии миссияҳои сайёрро аз Русия, Британияи Кабир ва Лаҳистон барои дастгирии эҳтиёҷоти фаврии тиббӣ дар рӯзҳои аввали вокуниш ба ҳамагирӣ дастгирӣ кард. |
Ҳукумат дар буҷаи соли 2021 чораҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои фарогирии ноҳияҳои иловагӣ ва хонаводаҳои осебпазир бо мақсади зиёд кардани кӯмакпулиҳо ва фарогирии ҳамаи хонаводаҳои ҷавобгӯй васеъ намуд. Буҷаи соли 2021, ки дар охири соли 2020 қабул шуд, ба тағйирот дар ҳукумат барои ироаи манбаъҳои иловагии молиявӣ баҳри ҳифзи афроди ,бештар дар канормонда ишора кард. СММ ба ин натиҷа тавассути пешниҳоди тавсияҳои ҳамаҷонибаи сиёсатгузорӣ барои равандҳои банақшагирии миллӣ ва ислоҳоти сиёсат, аз ҷумла Барномаи миёнамӯҳлати рушд (БМР барои солҳои 2021-2025) ва нақшаҳои соҳавии даҳсола бо мақсади таъмин намудани ҳамгироии нишондиҳандаҳо ва вазифаҳои ҲРУ дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мусоидат намуд.
|
|
|
Соли 2020 Дастаи кишварии СММ (ДКСММ) қариб ҳамаи тавсияҳои тафсири миёнамӯҳлати Барномаи қолабии СММ ҷиҳати расонидани кӯмак баҳри рушд дар Тоҷикистон ро (ЮНДАФ) ба анҷом расонид. Дар тафсири миёнамӯҳлат аҳамияти муҳоҷират ва обтаъминкунӣ, беҳдошт ва гигиена (ОБГ) барои заминаи рушди Тоҷикистон қайд карда шуда, барномарезии қавитар дар ин соҳаҳо тавсия дода шуд. Мувофиқи ин Дастаи Кишварии СММ барномаи нави муштаракро таҳия ва оғоз намуд, ки аз ҷониби Фонди боварии бисёршарика оид ба муҳоҷират маблағгузорӣ карда мешавад ва масъалаҳои ОБГ-ро дар ҳама барномаҳои солимии модарон ва ғизо ҷиҳати ҳалли ниёзҳои мубрамтарин дар ин соҳаҳо ҷорӣ менамояд. Дар тафсири миёнамӯҳлат инчунин гузаронидани тафсири чаҳорчӯбаи натиҷаҳо ва сохтори идоракунии ЮНДАФ тавсия дода шуд. Мутобиқан чаҳорчӯбаи натиҷаҳои ЮНДАФ барраси шуданд ва ҳамаи нишондиҳандаҳо бо нишондиҳандаҳои ҲРУ мувофиқа карда шуданд, ки ин дар машварат бо Агентии омор вобаста ба роҳҳои истифодаи маълумотҳои мавҷудаи ҲРУ амалӣ карда шуд. Се гурӯҳҳои алоҳида оид ба натиҷаҳо барои афзалиятҳо дар доираи Натиҷаи 3 (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) бо дарназардошти зарурати тақвияти амали махсус дар ин масъалаҳо таъсис дода шуданд. Низоми тақвиятёфтаи мониторинги ЮНДАФ бо ҳамоҳангсозони масъул дар ҳар як Гурӯҳ оид ба натиҷаҳо таъсис дода шуд, ки онҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории зич бо раисон вазифадор карда шуданд. Бо мақсади ҳамоҳанг кардан бо Барномаи миёнамӯҳлати рушди 2021 мӯҳлати ЮНДАФ то охири соли 2021 (ва сипас бо сабаби КОВИД-19 то охири соли 2022) тамдид дода шуд.
|
Арзёбии ЮНДАФ дар нимаи аввали соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Арзёбӣ дар асоси тавсияҳо ва нақшаи амали тафсири миёнамӯҳлати ЮНДАФ ва инчунин арзёбиҳо, тафсирҳо ва баҳодиҳиҳое хоҳад буд, ки аз ҷониби сохторҳои СММ дар соли 2020 аллакай гузаронида шудаанд. Бо мақсади ба ҳадди аксар расонидани истифодаи арзёбиҳои сохторҳои СММ мӯҳлати як қатор ин арзёбиҳо ба пеш гузошта шуданд, то онҳо пеш аз ё дар баробари арзёбии ЮНДАФ гузаронида шаванд.
|
ДАР БУҶЕТ ПЕШБИНИШУДА VS АЗХУДКАРДАШУДА БО СОЛҲО | |
ДАР БУҶЕТ ПЕШБИНИШУДА VS АЗХУДКАРДАШУДА АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ 2016-2020 | |
DELIVERY BY UN AGENCY IN 2020 | |
СТРАТЕГИЯИ ҶАЛБИ ЗАХИРАҲО | |
СОЗИШНОМАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ
Мувофиқи Созишномаи маблағгузорӣ СММ мақсад дорад, ки маблағгузорӣ тавассути барномаҳои муштарак ва Фондҳои боварии бисёршарика дар соли 2021 зиёд карда шавад. Дар давоми соли 2020 СММ иқтидори баландро барои ҳамкории зич бо усули ҳамгироишуда дар самти вокуниш ба бӯҳрон тавассути Барномаи фарогирӣ вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба паёмадҳои КОВИД 19 ва тавассути дастгирӣ ба раванди банақшагирии Ҳукумат оид ба тақсимоти ваксинаҳо намоиш дод. Таҷриба ҳои мазкур оид ба ҳамкории муштарак ва фаъолияти ягона инчунин ба афзоиши пешниҳодҳои барномавии муштарак оварда расонд. Дар давоми соли 2020 СММ тавассути се барномаи муштараки нав оид ба маблағгузории ҲРУ, вокуниш ба бӯҳрони КОВИД-19 ва муҳоҷират захираҳоро сафарбар кард. |
|
МАЙДОНҲО (ПЛАТФОРМАҲО) БАРОИ САФАРБАРКУНӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ЗАХИРАҲО
Афзалияти СММ тақвияти ҳамоҳангсозӣ дар байни ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ ва нишон додани аҳамияти фаъолияти бисёрҷониба ва бартарии нисбии СММ боқӣ мемонад. СММ дар шарикӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ), ки ҳамраиси Гурӯҳи фаврии баҳодиҳӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқуллода (REACT) мебошад, ки он шарикони миллӣ ва байналмилалиеро дар бар мегирад, ки онҳо омодагӣ ва вокунишро ба ҳолати фавқулодда дар Тоҷикистон тавассути Стратегияи вокуниши башардӯстонаи худ ба ҳолатҳои фавқуллода дастгирӣ мекунанд. Гурӯҳи мазкур як майдони муҳим барои ҳамоҳангсозии маблағгузорӣ ва фаъолияти шарикон мебошад. Дар соли 2020 шарикон дар якҷоягӣ чорабиниҳоро ба маблағи 17 миллион доллари ИМА татбиқ карданд, ки барои амалҳои фаврии наҷотдиҳии ҳаёт, башардӯстона, аз қабили тақсимоти озуқаворӣ, пули нақд ва молҳои ғайрихӯрокворӣ равона шуда буданд. Дар доираи онҳо зиёда аз 1 миллион нафар одамон фаро гирифта шуданд. Боз як майдони муҳими ҳамоҳангсозӣ Гурӯҳи вокуниш ба КОВИД-19 буд, ки аз ҷониби СММ дар соли 2020 ташкил карда шуда, ба он агентиҳои асосии СММ, ташкилотҳои ғайридавлатии байналмилалӣ, шарикони дуҷониба, шарикони бисёрҷониба ва Бонки ҷаҳонӣ барои муаррифии Барномаи фарогирӣ вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба донорҳо бо мақсади сафарбаркунии захираҳо даъват карда шуданд. Нақшаи умумӣ барои давраи июли соли 2020 то декабри соли 2021 ба маблағи 62 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда шуд. Созмони Милали Муттаҳид маблағро дар ҳаҷми қариб 20 миллион доллари ИМА барои вокуниш равона сохт ва дар ҳаҷми беш аз 15 миллион доллари ИМА маблағгузории иловагиро сафарбар кард. Гурӯҳи вокуниш ба КОВИД-19 як майдони муҳими шарикиро барои ҳамкории СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ баҳри фаъолияти якҷоя барои таъмини дастгирии ҳаматарафаи ҳукумат дар вокуниш ба КОВИД фароҳам овард. Дар Тоҷикистон боз як майдони муҳими ҳамоҳангсозии рушд мавҷуд аст, ки метавонад ба муносибагардонӣ ва ҳамоҳангсозии захираҳо ва маблағгузории афзалиятҳои ҲРУ дар оянда мусоидат намояд – ин Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд мебошад, ки аз ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ иборат аст. СММ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии шарикони рушд оид ба ӯҳдадориҳои онҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030 ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои онҳо нақши муҳим мебозад. |
|
МАСЪАЛАҲОИ АФЗАЛИЯТНОК
Масъалаҳои афзалиятноке, ки дар давоми соли 2021 барои афзоиши сармоягузорӣ ва ҷалби захираҳо аҳамияти хоса доранд, барқарорсозии сабз, низомҳои озуқаворӣ ва ғизо, обтаъминкунӣ ва тағйирёбии иқлим, баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон мебошанд. |
|
СИФАТИ МАБЛАҒГУЗОРӢ | |
АСОСӢ VS ҒАЙРИАСОСӢ 2020 | |
|
|
JOINT PROGRAMME FUNDING |
|
Дар давоми соли 2021 Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон омодагиро барои таҳияи Барномаи чорчӯбавии нави СММ оид ба ҳамкорӣ барои мақсадҳои рушд оғоз мекунад. Дар нимсолаи аввали сол арзёбии беруна, мустақил ва муштараки ЮНДАФ барои солҳои 2016-2022 баргузор карда мешавад. Арзёбӣ ба оянда нигаронида шуда, маълумотро барои раванди таҳияи Чаҳорчӯби рушди устувори СММ (ЧРУ СММ) барои давраи барномарезии солҳои 2023-2026 пешниҳод мекунад, ки ин раванда дар ҳамкории зич бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Натиҷаҳои арзёбӣ инчунин ба ҷонибҳои манфиатдор ва шарикони миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд, то ин ки ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ (синергия) байни ҳамаи онҳое, ки дар самти рушди устувор кор мекунанд, таъмин карда шавад. Оғози раванди таҳияи ЧРУ СММдар семоҳаи сеюми соли 2021 сурат мегирад ва бояд то моҳи июни соли 2022 ба анҷом расад.
|
Таваҷҷӯҳи асосии Дастаи кишварии СММ (ДКСММ) дар соли 2021 ба дастгирии Тоҷикистон дар талошҳои барқарорсозии он баъд аз КОВИД-19 идома дода мешавад. Дар қатори афзалиятҳои дигар, таваҷҷӯҳи махсус ба барқарорсозии сабз, баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон дода мешавад, зеро ҳарду масъала дар суръат бахшидан ба барқароршавӣ дар ҳамаи панҷ самтҳои Барномаи фарогири вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ иқтидори "таъсири чандикарата (мултипликатсионӣ)" доранд. СММ инчунин бо ҳукумат барои истифодаи имкониятҳои калидӣ дар давоми соли 2021, ба монанди Ҳамоиш оид ба низомҳои озуқаворӣ, 26-умин Конфронси давлатҳои аъзо оид ба тағйирёбии иқлим ва омодагӣ ба Ҳамоиши об ҳамкорӣ хоҳад кард. СММ ҳукуматро барои баргузор намудани як қатор муколамаҳо доир ба ҷамъоварии маълумот барои Ҳамоиш оид ба низомҳои озуқаворӣ дастгирӣ хоҳад кард: бо дарназардошти мушкилот дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва камғизоӣ СММ тарафдори он аст, ки ҳукуматро дар ин самт дастгирӣ кунад. Соли 2021 Ҳукумати Тоҷикистон ба омодагӣ ба Конфронси давлатҳои аъзо ва Ҳамоиши об дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе суръат хоҳад бахшид. Ин дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис додани котибот ва гурӯҳи кориро дар бар мегирад, ки ба он СММ кумаки техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонд.
|
Соли 2020 СММ дар Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳае оғоз намуд, ки аз ҷониби Фонди муштараки ҲРУ оид ба маблағгузорӣ барои ҲРУ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар соли 2021 Созмони Милали Муттаҳид ин кӯшишҳоро барои таҳкими иқтидор ва таҷрибаи техникӣ барои Чорчӯбаи ҳамгироишудаи маблағгузории миллӣ ҳамчун механизми ҷалб, афзоиш ва равонасозии маблағгузорӣ ба афзалиятҳои миллӣ оид ба ҲРУ идома хоҳад дод. Шарики стратегӣ барои СММ инчунин бахши хусусӣ мебошад ва сохторҳои СММ минбаъд низ имкониятҳои шарикиро бо бахши хусусӣ барои баланд бардоштани таъсироти иҷтимоии онҳо таҳқиқ хоҳад кард.
|
Гурӯҳи идоракунии маъмурии амалиёти СММ татбиқи ташаббусҳоро дар самти ҳамоҳангсозии таҷрибаҳои корӣ ва ташкили хизматрасониҳо ва ҷойгиршавии умумӣ идома хоҳад дод. Стратегияи нави амалиётҳои кории дар соли 2020 қабулшуда ва чорчӯбаи татбиқи он дар нимаи аввали соли 2021 аз назар гузаронида мешаванд, то самтҳои эҳтимолӣ барои зиёд кардани ҳадафҳои барҷаста ва боз ҳам беҳтар кардани самаранокии фаъолияти мо ва кам кардани хароҷот, алалхусус дар робита бо идоракунии воситаҳои нақлиёт, дафтарҳои сабз ва фарогирии масъалаҳои маъюбӣ муайян карда шаванд.
|
A young hero to animals and people. An FAO-EU project ensures that quality veterinary services in Tajikistan safeguard livelihoods
Matching grants help migrants’ businesses take off in Tajikistan
Enhanced livelihoods of rural Tajik families help overcome the COVID-19 crisis
The woman who leads the way in the Energy efficiency sector
Solar power helps fish farmers reach record survival rate of young alevins
Promoting Effective Medical Waste Management to Reduce COVID-19 Impact on Environment
SRH services to PWD and provision of online SRH/FP services during Covid-19.
Increasing access to family planning services in remote villages in Tajikistan
Digital outsourcing help girls in Tajikistan to transit to decent work-life
Cash Assistance for Struggling Families in Tajikistan Amid the Coronavirus
The Gift of Water: Celebrating Global Handwashing Day in Schools in Tajikistan
BLO Initiative: A New Level of Improved Cross Border Cooperation between Uzbekistan and Tajikistan (unodc.org)
Leaving no one behind: supporting refugees in Tajikistan to tackle COVID-19
Making information available for migrants in Tajikistan
Tajik businesses run by women living with HIV supply key protective gear for COVID-19 response
Turning to technology to connect women living with HIV during COVID-19 in Tajikistan
Дар соли 2020 Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои "талошу кӯшишҳои он дар мубориза бо гуруснагӣ, барои саҳмгузории он дар беҳтар намудани шароит барои сулҳ дар минтақаҳои низозада ва фаъолияти он ҳамчун қувваи пешбаранда барои пешгирии истифодаи гуруснагӣ ҳамчун аслиҳаи ҷанг ва низоъ” бо Ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд. Ҷоиза дар ҳоле дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид 75-умин солгарди худро таҷлил мекард ва ин эътирофи муҳими аҳамияти фаъолияти бисёрҷониба ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба чолишҳои ҷаҳоние, ки мо рӯ ба рӯ мешавем, чӣ низоъ, бӯҳрон, офат, тағйирёбии иқлим ва ё нобаробарии мустаҳкамшуда бошад, буд. Чунин ҳамбастагӣ на танҳо маҳз барои ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ, балки барои гузаштан аз озмоиши ҳамагирии КОВИД-19 зарур аст. Дар Тоҷикистон БОҶ Ҳукуматро барои вокуниш ба мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути пешниҳоди хӯроки мактабӣ ва кӯмаки пулӣ ба оилаҳо ва кӯдакони осебпазир ва дастгирии таҳкими низомҳои озуқаворӣ дастгирӣ мекунад, то мо ба ояндае ноил шавем, ки дар он касе гурусна намонад. Дастаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММро дар Тоҷикистон табрик мегӯем! |
Дар соли 2020 Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои "талошу кӯшишҳои он дар мубориза бо гуруснагӣ, барои саҳмгузории он дар беҳтар намудани шароит барои сулҳ дар минтақаҳои низозада ва фаъолияти он ҳамчун қувваи пешбаранда барои пешгирии истифодаи гуруснагӣ ҳамчун аслиҳаи ҷанг ва низоъ” бо Ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд. Ҷоиза дар ҳоле дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид 75-умин солгарди худро таҷлил мекард ва ин эътирофи муҳими аҳамияти фаъолияти бисёрҷониба ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба чолишҳои ҷаҳоние, ки мо рӯ ба рӯ мешавем, чӣ низоъ, бӯҳрон, офат, тағйирёбии иқлим ва ё нобаробарии мустаҳкамшуда бошад, буд. Чунин ҳамбастагӣ на танҳо маҳз барои ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ, балки барои гузаштан аз озмоиши ҳамагирии КОВИД-19 зарур аст. Дар Тоҷикистон БОҶ Ҳукуматро барои вокуниш ба мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути пешниҳоди хӯроки мактабӣ ва кӯмаки пулӣ ба оилаҳо ва кӯдакони осебпазир ва дастгирии таҳкими низомҳои озуқаворӣ дастгирӣ мекунад, то мо ба ояндае ноил шавем, ки дар он касе гурусна намонад. Дастаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММро дар Тоҷикистон табрик мегӯем! |